Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душманони маккор" шаш полиси афғонро куштанд


Дар як постгоҳи минтақаи Гиришки вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, афсари полис ҳамроҳ бо ошпаз ду тан аз ҳамроҳони худро заҳролуд сохтанд. Чаҳор нафари боқимонда дар ҳамлаи афроди мусаллаҳе, ки дар камингоҳ интизори сигнал буданд, ба ҳалокат расиданд.

Намояндаи волии Ҳилманд ин ҳодисаро ҳамлаи навбатие номид, ки аз сӯи душманони маккор тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст.

Афсари полисе, ки дар ин ҳодиса даст дошт, боздошт гардид, ошпаз аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
XS
SM
MD
LG