Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Гурҷистон эълон шуданд


Бидзина Иванишвилӣ, раҳбари Эътилофи пирӯз дар интихоботи парлумонии Гурҷистон

Бидзина Иванишвилӣ, раҳбари Эътилофи пирӯз дар интихоботи парлумонии Гурҷистон

Мақомоти интихоботии Гурҷистон натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумониро эълон карданд. Эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ”, ки ба он миллиардер Бидзина Иванишвилӣ раҳбарӣ мекунад, аз 150 курсии парлумон 85-тояшро соҳиб шудааст. 65 мандати боқимонда дар ихтиёри ҳизби Ҷунбиши муттаҳидаи миллии раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ қарор дорад.

Комиссиюни марказии интихоботӣ ҳамчунин эълом дошт, ки дар овоздиҳӣ 61 дар сади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардаанд.

Иҷлосияи парлумони нав рӯзи 21 октябр дар шаҳри Кутаисӣ ифтитоҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG