Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Эрон бо иттиҳоми қаллобӣ


Дар Душанбе як шаҳрванди Эрон бо иттиҳоми соҳибӣ кардани маблағи бузург дастгир шуд.

Хабаргузории "Азия-плюс" бо такя ба вазорати умури дохилии Тоҷикистон навиштааст, ки шаҳрванди Эрон, раиси кулли ширкати "Ориён-Коттон" Ҳақсифат Абдулмуҳаммад Аббос, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, аз моҳи июл то рӯзи 7 октябри соли равон аз муассисаҳои гуногун барои харидории пахта беш аз 3 миллион гирифта, ин маблағро ба кисаи худ задааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG