Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи автобус боиси марги 21 нафар шуд


Бар асари садамаи автобус дар ҷанубу ғарби Эрон дасти кам 21 нафар ба ҳалокат расиданд. 19 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Хабаргузории Форс бо такя ба иттилои полис навиштааст, ки автобуси мусофирбар дар як шоҳроҳи Хуҷистон аз масираш берун шудааст. Бар пояи иттилои пешакӣ, фоҷиа бо айби ронанда рӯй додааст, ки дар роҳи лағжон аз борон автобусро бо суръати баланд рондааст.
XS
SM
MD
LG