Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахзар Иброҳимӣ бо Ал-Муаллим музокирот мекунад


Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, имрӯз дар Димишқ бо Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, музокирот мекунад.

Ҳадафи сафари Иброҳомӣ ба Сурия - талоши расидан ба мусолиҳа миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ дар давраи Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон аст, ки рӯзи 26 октябр шурӯъ мешавад.Аз нигоҳи фиристодаи байнулмиллалӣ, ин мусолиҳа метавонад оғози раванди ҳалли сиёсии низоъ дар Сурия гардад, ки бар асари он тайи якуним сол даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд.

Аз ибтикори Ахзар Иброҳимӣ дирӯз ИМА ҳам пуштибонӣ кард.

Қабл аз вуруд ба Димишқ, Иброҳимӣ бо мақомоти Арабистони саудӣ, Туркия, Ироқ, Миср, Лубнон, Урдун ва Эрон - ҳампаймони асосии режими Башор Асад, дидору гуфтугӯ карда буд.
XS
SM
MD
LG