Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амният таркиши Бейрутро "ҳамлаи террористӣ" хонд


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳида таркиш дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнонро шадидан маҳкум кард.

Дар изҳороте, ки онро котиби феълии Шӯрои амният - намояндаи Гватемала дар СММ Герт Розентал қироат кард, таркиш "ҳамлаи террористӣ" унвон шудааст.

Бар асари ин таркиш, ки баъд аз зӯҳри дирӯз (19-уми октябр) дар майдони Ашрафия рӯй дод, 8 нафар кушта ва тақрибан 80 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар Ашрафия, ки дар маркази Бейрут ҷойгир аст, асосан насрониҳои сарватманд зиндагӣ мекунанд.

Аз таркиш мошинҳову биноҳои майдон оташ гирифта, амалиёти наҷотбахшии сокинони мавзеъ то субҳи шанбе идома дошт. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, садои таркиш ҳатто дар маҳаллаҳои дуртарини шаҳр ба гӯш расидааст.

Ҳадс зада мешавад, ки ҳадафи ҳамла генерал Висам ал-Ҳасан, раиси яке аз бахшҳои Хадамоти амнияти дохилии Лубнон, буд, ки дар таркиш ба ҳалокат расидааст.

Таркишро Вашингтон ҳам шадидан маҳкум кард. Намояндаи Шӯрои амнияти миллии Амрико Томми Втор изҳор намуд, ки Вашингтон аз талошҳои ҳукумати Лубнон барои ошкору муҷозот кардани муҷримони ин "ҳамлаи ваҳшиёна" пуштибонӣ мекунад. Сиёсатмадорони лубнонии мухолифи режими раисҷумҳури Сурия Башор Асад эълом доштанд, ки Димишқ дар ин таркиш даст дорад.

Валид Ҷамбулат, раиси ҷамъияти маҳаллии даразиҳо, ки худро бештар “Аҳл-ал-тавҳид” меноманд, ва Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон гуфтанд, ки таркиш кори дасти ҳам Димишқ ва ҳам ҳукумати феълии Лубнон аст. Зимнан, генерал Ал-Ҳасан қазияи куштори сиёсатмадори маъруф Рафиқ Ҳарирӣ, падари Саъд Ҳаририро, тафтиш мекард. Рафиқ Ҳарирӣ чанд сол пеш бар асари ҳамин гуна як таркиши мудҳиш ба ҳалокат расида буд.

Имрӯз, 20-уми октябр, ҷонибдорони Саъд Ҳарирӣ дар гирдиҳамоие дар маркази Бейрут ҳамлаи террористиро маҳкум карданд. Онҳо хостори истеъфои ҳукумати феълии Лубнон шуданд, ки ба он ҷонибдорони “Ҳизбуллоҳ”, гурӯҳи пуштибон аз режими Башор Асад, шомиланд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG