Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Малола Юсуфзай бори аввал ба пои худ истод


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Табибони Бритониё мегӯянд, Малола Юсуфзай рӯзи ҷумъа бори аввал ба пои худ рост шуд. Дейв Россер, мудири бемористони Малика Элизабет дар Бирмингем гуфт, Малола ҳанӯз ҳарф зада наметавонад, вале катбӣ сӯҳбат мекунад.
Ин духтари ноболиғи покистониро, ки аз ҳаққи таҳсили духтарон дар зодгоҳаш – водии ошӯбзадаи Свот - дифоъ мекард, ҳафтаи гузашта ҷангиҳои Толибон чанд тир заданд. Вазири дохилаи Покистон Раҳмон Малик дар баҳои сари сухангӯи Толибон Эҳсонуллоҳ Эҳсон, ки гуфт, чунин ҳамлаҳо алайҳи Малола боз ҳам идома хоҳанд ёфт, 1 миллион доллар ҷоиза ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG