Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи теннисбозон дар Душанбе ҷараён дорад


19-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи мусобиқаи кушода барои Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ва мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки дар толори варзишии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир гашт, Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Зайд Саидов, раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, Малик Бейсалиев, ноиби президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Қазоқистон, суханронӣ карда, ба ширкаткунандагони мусобиқот комёбиҳо орзу намуданд.

Ҷоми Федератсия бо ширкати 6 дастаи мардона аз Тоҷикистон (се даста), Қазоқистон, Қирғизистон ва Тотористони Русия то рӯзи 21-уми октябр идома хоҳад кард.

Зайд Саидов, раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мақсади асосии мо дарёфти истеъдодҳои нав аз байни варзишгарони тоҷик, ҳамчунин, сайқал додан ва рушди ин намуди олимпии варзиш дар кишвар мебошад. Азбаски тенниси рӯи миз дар Қазоқистону Тотористони Русия хеле пеш рафтааст, мо мехоҳем, ки теннисбозони мо аз варзишгарони ин ҷумҳуриҳо таҷоруби хуби бозӣ касб кунанд. Мо медонем, ки бидуни гузаронидани чунин мусобиқот ва иштироки варзишгарони мо дар онҳо наметавон ба натиҷаҳои хуб расид. Худоро шукр мекунем, ки бачаҳои мо дар чанд соли ахир дар ин намуди бозӣ хеле пеш рафтаанд ва умед дорем, ки дар солҳои наздик дар мусобиқаҳо ба натиҷаҳои беҳтару хубтар ноил мегардем.”


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00
Линки мустақим


Ҳамзамон дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ҳашт дастаи мардона ва ҳашт дастаи занона аз вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор ширкат доранд. Қаҳрамонҳои нави тенниси рӯи мизи Тоҷикистон рӯзи якшанбе муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG