Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 19 меҳмони як тӯй дар Афғонистон


Таркиши бомби канори роҳ дар шимоли Афғонистон дастикам 19 мулкӣ, бо шумули занону кӯдаконро дар роҳ ба як тӯйхона кушт. Пулис мегӯяд, дар ин таркиши субҳи ҷумъа дар улусволии Давлатободи вилояти Балх 18 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Касе масъулиятро ҳанӯз бар ӯҳда нагирифтааст. Бино ба хабари дигар, шаби панҷшанбе бар асари бархӯрди автобус бо як мошини сӯхткаш дар Афғонистон дастикам 6 мухлиси футбол ҳалок ва 28 тани дигар захмӣ шудаанд. Мухлисон аз вилояти Ҷузҷон ба Кобул бармегаштанд.
XS
SM
MD
LG