Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобҳои дарсӣ барои мактабҳои қирғизии Тоҷикистон


Дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр иттилоъ дод, ки ҳудуди 6 ҳазор нусха китоби дарсӣ ба забони қирғизӣ аз тарафи Вазорати омӯзиш ва парвариши Қирғизистон ба Тоҷикистон расид. Ин китобҳои дарсӣ дар синфхонаҳои мактабҳои қирғизии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Ба иттилои Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар қаламрави кишвар ҳудуди 37 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ мавҷуд аст, ки таҳсил ба забони қирғизӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG