Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Ахзар Иброҳимӣ рӯзи ҷумъа вориди Димишқ шуд. Қарор аст, ки ӯ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад мулоқот кунад. Ҳадафи Иброҳимӣ расидан ба оташбас дар низоъи 19-моҳаи Сурия буда, ӯ қаблан ба оташбас дар 4 рӯзи иди Қурбон даъват кард. Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу ҳам бо пуштибонӣ аз ин даъват аз нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳои Сурия хост, “ҳадди ақал” тайи 4 рӯзи Ид-ул-Азҳо, ки 26 октябр шурӯъ мешавад, ба душманӣ поён диҳанд. Ӯ афзуд, бояд давлати Сурия гоми аввал бардошта, ҳамлаҳоро “билофосила ва беқайдушарт” бас кунад: “Мо умедворем, ки режими Сурия ба даъватҳои байналмилалӣ гӯш дода, ҳамлаҳояш дар рӯзҳои идро қатъ мекунад. Мо ҳамчунин интизор дорем, ки мухолифин низ оташбасро мепазиранд.” Эрону Ироқ ва Олмон ҳам аз даъватҳо ба оташбас дар Сурия ҳимоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG