Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хостори оташбас дар Сурия дар рӯзҳои ид шуд


Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу ба даъватҳо ба оташбас ва хатми хунрезӣ дар Сурия дар рӯзҳои Иди қурбон ҳамроҳ шуд. Довудуғлу аз нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳои Сурия даъват кард, “ҳадди ақал” тайи 4 рӯзи Ид-ул-Азҳо, ки 26 октябр шурӯъ мешавад, ба хусумат роҳ надиҳанд. Ӯ афзуд, ҳарду ҷониб рӯи оташбаси тӯлонитар низ бояд фикр бикунанд. Ба ақидаи Довудуғлу, дар ин роҳ бояд давлати Сурия гоми аввал бардошта, ҳамлаҳояшро “билофосила ва беқайдушарт” бас кунад. Феълан фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Ахзар Иброҳимӣ барои расидан ба як оташбаси муваққат дар Сурия талош дорад. Ӯ рӯзи ҷумъа барои баҳси ин мавзӯъ вориди Димишқ шуд.
XS
SM
MD
LG