Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳҳои пурпечутоби косибӣ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Ахиран дар Тоҷикистон Иттиҳоди ҷадиди косибон таъсис ёфт.

Ин иқдом имкон медиҳад, то косибони тоҷик бештар истиқлол ба даст оварда, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати кори худ, рушди ҳунари дастӣ дар Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоташон пешрафт дошта бошанд. Зеро ҳарчанд талабот ба ҳунарҳои миллӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар хеле зиёд аст, аммо бинобар дастгирӣ наёфтани ҳунармандон, ин соҳа рушди чашмгире надорад.

Мастура Асоева, сокини ноҳияи Ваҳдат, 12 сол пеш ҳунари сабадбофиро омӯхт ва ҳамаи аҳли байташро сабадбоф кард. Сабадҳои ӯ дар солҳои мушкил дастархонашро пур карданд ва ҳоло дигар ба намунаҳои ҳунари дастии кишвар табдил ёфтаанд. Ҳамроҳи ӯ боз 7 зани дигар шогирдони мактабе буданд, ки як созмони иҷтимоӣ барои кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат таъсис дода буд. Мастура мегӯяд, бинобар надоштани шароити зарурӣ, занони дигар ин шуғлро тарк карданд. Чун ӯ дар ҳавлиаш боғи калоне дораду метавонад ашёи хомро барои сабадбофӣ аз онҷо дастрас кунад, ҳунари хешро такмил дод. Чаҳор фарзанду шавҳараш низ ин ҳунарро омӯхта, акнун сабадбофӣ ба касби оилавиашон табдил ёфтааст.

Бону Мастура низ мегӯяд, даромади асосии хонавода низ аз ин ҳисоб буда, теъдоди харидорони маҳсули дастонашон кам нест: «Чизе, ки мебофам, мебинӣ, ки харидор омад, ҳамаашро мегиранд, мераванд. Дар хона бошад, яклухт мегиранд. Дар тобистон қариб 500 фармоиш шуда буд, вале мо натавонистем ҳамаи онро бофем. Дар тӯли 12 сол ягон то сабади захира надорем. Ҳатто сабади дар назди танӯрам бударо низ, ки барои нонгузорӣ аст, мегиранд мераванд».

Феълан даромади хонаводаи Мастура аз ҳисоби сабадбофӣ моҳе 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай, бо назардошти он ки ин ҳунар ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар харидори зиёд дорад, метавон дар ин самт корхонаи хурде бунёд намуд ва коргарони иловагиро низ ба кор ҷалб кард. Вале ба гуфтаи Мастура, барои бунёди корхона маблағ ва замин лозим аст, ки ӯ онҳоро надорад.

Мирамин Саидов, сокини шаҳри Истаравшан низ, аз сабаби набудани шароити мусоид ва сармоя наметавонад, касби бобоиашро, ки читгарӣ аст, рушд бидиҳад. Ӯ мегӯяд, танҳо ба хотири ҳифзи ин ҳунар бо даст додани имконият чит мебофад.
Чунки ба гуфтаи Саидов, мушкили ашёи хом ва набудани қувваи барқ садди роҳ мегардад: «Cайёҳон ё ин ки ҳаводорони ҳунари қадима меоянду меҳмони хонаи мо мешаванд. Онҳо бисёр ҳаракат мекунанд, ки намунаи маҳсули дастони моро бо худ баранд, вале мутаассифона, ҳама вақт дарёфт карда наметавонанд. Дар як сол ду маротиба дар шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳо мешавад, дар ҳамон ҷо мо аз рӯйи имконият маҳсулоти худро мебарем, вале дар ним рӯзи аввал ҳамааш тамом мешавад».

Иқбол Абдураҳмонова, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Умед», ки беш аз 10 сол фаъолият мекунад, зиёда аз 300 нафар зани ҳунармандро дар ноҳияи Дарвоз бо шуғл фаро гирифтааст. Ин занҳо асосан бо чакандӯзӣ, қолинбофӣ ва истеҳсоли тӯҳфаҳо машғуланд. Аммо бо ин ҳам хонум Иқбол мегӯяд: «70 дарсади занони Тоҷикистон бекоранд. Мо хориҷи кишвар барои чӣ меравем. Ба хотире, ки харидор ва ҳамкор ёбем. Ба мо маҳсулот фармоиш диҳанд ва занҳои мо ҳам соҳиби ҷойи кор шаванд. Баъд барои бо занҳои мо кор бурдан хеле маблағи калон лозим аст. Ман боварӣ дорам, агар ҳунармандони мо дастгирӣ ёбанд, мумкин 40 дарсади занони Тоҷикистон соҳиби ҷойи кор шаванд. Зани тоҷик бисёр ҳунарманд аст».

Сарвиноз Ҳоҷиева

Сарвиноз Ҳоҷиева

Ахиран барои боло бурдани мақоми косибӣ дар Тоҷикистон ва рушди он Иттиҳодияи косибон таъсис ёфт. Косибони тоҷик тамоми умедҳои худро ба ин иттиҳодия бастаанд, ки минбаъд он дар ҳалли мушкилиҳояшон мусоидат мекунад. Сарвиноз Ҳоҷиева, роҳбари иттиҳодияи мазкур зимни сӯҳбат гуфт: «Нақша кашидем, ки ба ноҳияҳои Тоҷикистон сафар намоем, он ноҳияҳои дурдасте, ки косибонаш ба Душанбе омада наметавонанд, бо онҳо сӯҳбат гузаронем ва дарду мушкилоти онҳоро фаҳмида, баъдан кори худро пеш барем. Аз ҷумла сармоягузоронро ва таваҷҷӯҳи ҳукумату вазоратҳои дахлдорро ба мушкилоти косибон ҷалб намоем».

Афзун бар ин, барои аввалин бор дар Тоҷикистон барои танзими соҳаи косибӣ лоиҳаи қонун таҳия ва ба вазоратҳои дахлдор пешниҳод шудааст. Ҷиёншо Бухориев, яке аз муаллифони ин тарҳ қонун гуфт, ки дар сурати қабул шудани он, мушкилии косибон дар Тоҷикистон то андозае ҳалли худро меёбад: «Мақсади таҳияи ҳамин лоиҳаи қонун ҳам ҳамин аст, ки қонунгузории оянда ба рушди соҳаи косибӣ мусоидат намояд. Чунки дар онҷо якчанд механизмҳое пешбинӣ шудаанд, ки махсус барои рушди ин соҳа равона шудааст. Аз ҷумла ҳамасола гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба фаъолияти косибӣ ба монанди конфронсу семинарҳо».

Ҷиёншо Бухориев ҳамчунин илова намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур як қатор имтиёзҳоро низ барои косибон пешбинӣ намудааст. Феълан дар Тоҷикистон ҳамагӣ 60 косиби инфиродӣ ва наздики даҳ ташкилоти ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG