Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба Тоҷикистон 9,5 миллион $ медиҳад


Амрико ба Тоҷикистон барои таҳкими марзу ислоҳоти ниҳодҳои интизомӣ, беҳбуди низоми додгоҳӣ ва мубориза бо қочоқи инсону маводи мухаддир 9,5 миллион доллар кумак мерасонад. Ин қарордод рӯзи ҷумъа байни сафири Амрико дар Душанбе Сюзан Эллиот ва раиси Ожонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон Рустам Назаров имзо шуд. Сафорати Амрико мегӯяд, хонум Эллиот рӯзи ҷумъа ҳамчунин эътиборномааш ба ҳайси сафири нави Амрикоро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон супурда, бо Эмомалӣ Раҳмон масоили равобити дуҷонибаро низ баррасӣ кардааст.
Аз соли 1992 ҷамъи кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон 984 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG