Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Фарҳод Восиев барои унвони футболбози маъруфи ҷаҳон


Фарҳод Восиев, футболбози маъруфи тоҷик

Фарҳод Восиев, футболбози маъруфи тоҷик

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Шинник»-и Ярославл, барои унвони маъруфтарин футболбози ҷаҳон мубориза мебарад.

Федератсияи байналмилалии таърих ва омор (IFFHS) дар торнамои худ иттилоъ додааст, ки бар асоси назархоҳии хонандагонаш панҷ маъруфтарин футболбози қораро байни 27 бозигар аз Осиё то 30-юми ноябр муайян мекунад. Онҳо дар марҳилаи ниҳоӣ барои муайян кардани аз ҳама маъруфтарин футболбози ҷаҳон (аз 1-уми декабр то 3-юми январ) ширкат хоҳанд кард.

Дар рӯйхати IFFHS Тоҷикистонро Фарҳод Восиев намояндагӣ мекунад.
Дар байни рақибони ӯ чунин футболбозони машҳур, ба мисли Меҳдӣ Маҳдавикиё, Муҳаррам Навидкиё, Сайёд Меҳдӣ Раҳматӣ (Эрон), Кейсуке Ҳонда, Юто Нагамото, Синдзи Кагава (Ҷопон), Парк Ҷи Сун, Ли Донг Гук (Кореяи Ҷанубӣ), Одил Аҳмадов (Узбакистон), Ёсир Ал-Каҳтонӣ (Арабистони Саудӣ), Александр Дурич (Сингапур) ва дигарон ҳастанд.

Ба иттилои торнамои IFFHS қораи Аврупоро 78 футболбоз намояндагӣ мекунанд ва 8 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар рӯйхат, минҷумла, футболбозони машҳур, монанди Лионел Мессӣ, Криштиану Роналду, Руни, Пирло, Бензема, Иброҳимович, Инйеста, Хавӣ ва дигарон ҳастанд.

Соли гузашта Эдуардо Варгаса аз Чили, Надира Ламягри аз Марокаш ва Ёсир Ал-Каҳтонӣ аз Арабистони Саудӣ маъруфтарин футболбозони ҷаҳон эълон шуда буданд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG