Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шарики собиқи Максим Боқиев дар Рум


Евгений Гуревич (Акс аз соли 2009)

Евгений Гуревич (Акс аз соли 2009)

Евгений Гуревич – шарики собиқи тиҷории Максим Боқиев рӯзи чоршанбе дар Рум, пойтахти Итолиё дастгир шудааст. Гуревич мудири гурӯҳи молии “MGN Capital” дар Бишкек ва аз ёрони наздики Максим Боқиев – писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев буд. Ӯ баъди суқути давлати Боқиев дар апрели соли 2010 тарки ин кишвар кард. Гуревич ба Рум барои ҳамкорӣ бо муфаттишони итолиёӣ, ки ӯро ба шустушӯи маблағҳои бузург айбдор мекунанд, омада буд. Вакили ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Гуревичро ба боздоштгоҳ бурдаанд. Додгоҳи Бишкек соли гузашта Евгений Гуревичро дар ғайбаш бо ҷурми фасод ба 15 соли зиндон маҳкум карда буд. Максим Боқиев ҳафтае пеш дар Лондон бо дархости Амрико дастгир шуд, вале баъди 3 рӯз ӯро то баррасии парвандаи истирдодаш дар ивази пули гарав раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG