Пайвандҳои дастрасӣ

Қамчибек Тошиевро ба бемористон бурдаанд


Раҳбари боздоштшудаи мухолифини Қирғизистон Қамчибек Тошиевро рӯзи панҷшанбе ба бемористон бурдаанд. Аҳволи раҳбари ҳизби Ота-Ҷурт баъди гуруснанишинии эътирозиии рӯзи чоршанбе шурӯъкардааш бад шудааст. Аммо маълум нест, ки ӯ дар бемористон ҳам ба гуруснанишинӣ идома медиҳад ё на. Тошиев ва ду вакили дигари парлумон аз Ота-Ҷурт бо иттиҳоми ба ошӯб таҳрик додани аҳли тазоҳуроти рӯзи 3 октябр дар Бишкек барои 2 моҳ боздошт шудаанд. Кумитаи амнияти миллӣ вазъи феълии Тошиевро собит номид. Садҳо тарафдори ин се вакил тайи чанд рӯз дар Бишкек ва Ҷалолободу Ӯш бо талаби раҳоии онҳо намоишҳои эътирозӣ барпо карданд.
XS
SM
MD
LG