Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БДА ронандаи "Тойота Ландкрузер"-ро айбдор кард


Искандари Фирӯз
Искандари Фирӯз

Бозрасии давлатии автомобилӣ Айёмиддин Раҳмиддинзодаро дар садамаи нақлиётии хабарнигор Искандари Фирӯз айбдор кард.

Аслам Таибов, сармуфаттиши Шӯъбаи тафтишотии садамаҳои автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, алайҳи ронандаи "Тойота Ландкрузер" Айёмиддин Раҳмиддинзода парванда боз шуда ва ӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Искандари Фирӯз, хабарнигори шабакаи Би-би-сӣ шоми 9-уми октябр дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуд.

Ба қавли ҷаноби Таибов, пас аз гузаронидани ташхиси фаннӣ ва тиббӣ ва мавриди омӯзиш қарор додани ҳолати садама, рӯшан шуд, ки дар ин ҳодиса ронандаи Тойота Ландкрузер айбдор мебошад.

Тибқи ташхиси Бозрасии давлатии автомобилӣ, ронандаи Тойота Ландкрузер дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз самти ҳаракати худ берун шуда, ба хатти муқобил ворид ва ба мошини Тойота Камрӣ бармехӯрад, ки дар натиҷа Искандари Фирӯз ва писараш Ҷавоншер шадидан маҷруҳ шудаанд.

Аслам Таибов, сармуфаттиши Шӯъбаи тафтишотии садамаҳои автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, идомаи баррасии парванда ба дӯши шахси ӯст ва афзуд, ҳоло дар пайи ҷамъоварии баёноту санадҳои марбут ба ин садама мебошад.

Ёдовар мешавем, аз ин садама беш аз 10 рӯз мегузарад, вале ҳанӯз ҳам вазъи саломатии Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-сӣ вахим буда, дар ҳоли беҳушӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG