Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин боздиди сафирони ғарбӣ аз Бадахшон


Боздиди сафирони Бритониёву Олмон ва ИА аз Бадахшон то рӯзи шанбе давом хоҳад кард. Ин нахустин сафари сафирони ғарбӣ ба ин вилоят дар пайи амалиёти низомии моҳи июл дар шаҳри Хоруғ аст. Ин амалиёт, ки бо талаби супурдани афроди гумонбар дар қатли генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт, зери 70 кушта ба ҷо гузошта, чанд тазоҳуроти эътирозиро дар пай дошт.
XS
SM
MD
LG