Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия дар аҳди сарвазири исломгарояш Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба як қудрати пурнуфузи минтақавӣ табдил мешавад.

Ин тамойюл бавижа дар пайи инқилобҳои “Баҳори Араб”, ки дар Мисру Тунис ва Либия нафарони аз нигоҳи ақидатӣ ба Ҳизби адолат ва тараққии Эрдуғон наздиктарро ба қудрат расонд, суръат гирифтааст.

“Қудрати нарм”

Сиёсати хориҷии Туркия дар аҳди Эрдуғон, бахусус дар пайи интисоби Аҳмад Довудуғлу ба мақоми вазири хориҷа, бештар шиори “парҳез аз ҳар навъ дахолат дар умури ҳамсояҳо” ва беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамҷаворро думбол мекард. Туркия дар баҳсҳои байни кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Исроил, низ талош мекард, то аз худ як довари беғараз ва миёнарави холисро ба намоиш гузорад. Вале ҳаводории Анкара аз “Баҳори Араб” ва пуштибонии ошкораш аз чирикиҳои Сурия дар муқобили режими Башор Асад дар баробари тақвияти Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷии Туркия

Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷии Туркия

тавонмандиҳои иқтисодӣ Туркияро акнун як бозигари хеле фаъол ва бо нуфузи афзоянда дар ин саҳна намудор мекунад.

Аҳмад Довудуғлу моҳе пеш бо як ифтихор гуфт, ки Туркия алакай “қудрати нарм”(soft power)-и минтақавӣ шудааст. Вазири давлатии Туркия Ҷавдат Йилмаз ҳам гуфта, ки кишвараш “бо шарофати сиёсати сулҳомез, иқтидори иқтисодӣ ва мизони баланди демократия” ба як “қудрати нарм”-и шабеҳи Иттиҳодияи Аврупо дар Ховари Миёна табдил меёбад. Зимнан нозирони умур нокомии талошҳои чандинсолаи Туркия барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро як сабаби ба Ғарб пушт гардондану чунин фаъол шуданаш дар дунёи Ислом медонанд. Ба таъбири маъруфи русӣ, “беҳ аст, ки марди аввали деҳ бошӣ, то марди охири шаҳр.”

Анкараро нодида нагиранд

Меҳмет Сайфуддин, профессори курсии сиёсати хориҷаи Туркия дар Донишгоҳи Ғозии Анкара мегӯяд, тақвияти нақш ва нуфузи Туркия дар Ховари Миёна натиҷаи сиёсатест, ки дар қиболи ҳамсояҳояш дунбол мекард. Ба бовари ӯ, қудратҳои дигари беруна ва минтақавӣ илоҷи дигаре ба ҷуз аз эътирофи афзоиши тавонмандиҳои Туркияро дар ин паҳно надоранд: “Таҳаввули вазъ дар Сурия ва дахолати Эрону Русия ва қудратҳои дигари худкома, албатта, чизи хубе дар Меҳмет Сайфуддин, таҳлилгари турк

Меҳмет Сайфуддин, таҳлилгари турк

роҳи сиёсати кунунии хориҷии Туркия нест. Ин минтақаи бесубот ба як қудрати тавонманд ниёз дорад ва Туркия аз нигоҳи наздикии ҷуғрофӣ, гузаштаи дар тӯли асрҳо муштараки таърихӣ ва иқтидори моливу низомиаш номзади муносибе ба ин симат аст. Русия ё Эрон чунин имконотро камтар доранд. Ва Туркия таҳти ҳимояти Ғарб ва бахусус Амрико бозии худро дорад ва гузашта аз ин, иҷрои нақши қудрати минтақавиро як маъмурияти таърихии худ мебинад.”

Аммо ба ақидаи Тураҷи Атобакӣ, устоди Донишгоҳи Амстердами Ҳолланд, рақиби Туркия дар Ховари Миёна кам нест ва кишварҳое, чун Эрону Саудия ва ҳатто Мисру Қатар низ ҳар кадом ин орзуи иҷрои сози аввал дар оркестри ин минтақаро доранд: “Дар ҳоли ҳозир барои ҳам Саудияву ҳам Туркия ва ҳам Миср мушкил нақши Эрон ба унвони як кишвари бисёр матраҳ дар ин минтақа аст. Бино бар ин, ҳарчанд бо Туркия ихтилофи назарҳои баландмуддате дошта бошанд, дар кӯтоҳмуддат дар канори Туркия ва дар баробари Эрон қарор гирифтаанд.”

Аз пайи туркони усмонӣ

Туркияи кунунӣ вориси салтанати як замон хеле муқтадири усмониҳост, ки дар асри 13 ба вуҷуд омада, қаламрави бузурге бо шумули шимоли Африқо, Шарқи наздик, Осиёи сағир, Қрим ва Балканро фаро мегирифт ва танҳо дар асри 20, баъди ҷанги якуми ҷаҳон аз байн рафт. Талошҳои нуфузталабии ҳокимони кунунии Туркия он бахши туркҳоро, ки то ҳол шикасти салтанати усмониҳоро шикасти миллӣ медонанд, то ҷое таскин медиҳад. Бархе инро як навъ сиёсати “нео-усмонӣ” Истанбул барои чанд қарн пойтахти салтанати усмониҳо буд.

Истанбул барои чанд қарн пойтахти салтанати усмониҳо буд.

ва сарвазир Эрдуғонро бо ишора ба султони қуруни вусто Салоҳиддини Айюб, ки алайҳи салибдорон меҷангид, ҳатто “Салоҳиддини ҷадид” ҳам ном мебаранд.

Таҳлилгари тоҷик Ҷовид Ҷӯраев, ки донишгоҳи Истамбулро хатм кардааст, мегӯяд, талошҳои Туркия ба касби нақши баландтар дар Ховари Миёна як амри мантиқӣ ҳам ҳаст: “Давлатҳои ин минтақа аксар мусалмонианд ва ғолибан суннимазҳаб. Ва Туркия метавонад моделе шавад, ки чигуна мардуми мусалмонаш дар як ҷомиаи дунявӣ ва демократӣ ба сар мебаранд. Онҳо ҳанӯз дар солҳои 90 дар ин роҳ иқдом карда буданд, вале ҳизби Рифоҳ аз қудрат рафту ин тасмими онҳо амалӣ нагашт.”

Истиҳола аз Русия

Туркия, ки барои афзоиши қаламрави нуфуз дар аҳди салтанати туркони усмонӣ чандин бор бо Русия вориди ҷангҳои хунин шудааст, аз ҳам пошидани Шӯравӣ дар авоили солҳои 90-ро фурсати муносибе дониста, дар оғоз хеле фаъолона вориди саҳнаи Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ шуд, ки ба истиснои Тоҷикистон, 4 кишвари дигараш туркзабонанд. Соли 1992 Шӯрои давлатҳои туркзабон ҳам таъсис ёфт, ки табъан мебоист дар меҳвари Туркия амал мекард. Вале мухолифатҳои Маскав ба чунин фаъол шудани рақиби таърихиаш ва ҳам ихтилофҳои бархоста байни Анкара ва баъзе режимҳои маҳаллӣ боис шуд, ки Туркия чизу чораашро аз инҷо зуд ғундорад ва асосан бо равобити иқтисодӣ бо ин кишварҳо қаноат варзад. Шӯрои давлатҳои туркзабон ҳам бидуни узвияти Узбакистону Туркманистон зиёд ба ҷое нарасид ва як созмони бонуфуз ва таъсиргузор дар минтақа нашуд.

Тураҷи Атобакӣ, устоди Донишгоҳи Амстердами Ҳолланд мегӯяд, ақибнишинии Анкара аз Қафқозу Осиёи Марказӣ маҳз ба хотири таскин додани нигарониҳои Русия буд: “Нуфузи Туркия дар Қафқоз ё Осиёи Марказӣ бо равобити танготанге ки бо Русия дорад, қобили муқоиса нест. Русия дувумин шарики бузурги иқтисодии Туркия аст. Аз ин рӯ, Туркия ҳеҷ гоҳ аз Русия намегзарад. Агар Русия бихоҳад ки Туркия Қафқоз ё Осиёи Марказиро ба нафъи равобиташ бо Русия такр бикунад, Туркия бе ҳеҷ дудилагӣ ин корро хоҳад кард.”

Туркия ба Осиёи Марказӣ бар хоҳад гашт!

Аммо Меҳмет Сайфуддин аз Донишгоҳи Ғозии Анкара мегӯяд, Туркия ба Осиёи Марказӣ бархоҳад гашт ва ҳатман ба сурати хеле фаъолтар аз солҳои 90, вале шояд баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014, ки ниёзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дасти ёрии қудратҳои беруна бавижа дар масоили амниятиро афзуда, дарҳои ин қаламравро ба рӯи Туркия бозтар хоҳад кард: “Дар аввали солҳои 90 Туркия хеле зуд ба Осиёи Марказӣ омад, вале натиҷаи мушаххасе ба даст наовард ва навмед шуд. Ин барои мо як нокомӣ буд, ки ба тағйири сиёсати Амрико дар қиболи Русия бастагӣ дошт, то ба мо. Туркия ҳоло мехоҳад бори дигар ба Осиёи Марказӣ баргардад, чунки ин қаламрав аз ҷумлаи аҳдофи стротегии Туркия аст. Вале Анкара ҳоло бояд рӯи манотиқи атрофаш тамаркуз кунад. Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии мо на дар мадди аввал, балки дар мадди дувум ё сеюм аст.”

Ним миллиард тиҷорат ва “таҳоҷуми фарҳангӣ”

Туркия дар соли 2011 бо 497 миллион доллар тиҷорати солона дувумин шарики асосӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон шуд. 324 аз ин шуморро содироти фаровардаҳои Тоҷикистон ба Туркия ташкил медиҳад, ки 85 дарсадаш аз ҳисоби фурӯши алюминий ва 12 дарсади дигараш содироти пахта будааст. Меҳмет Мӯнис Дирик, сафири Туркия дар Душанбе дар як сӯҳбаташ бо нашрияи “Озодагон” ҳамчунин аз фаъолияти 35 ширкати туркӣ дар Тоҷикистон хабар дода, ҳазинаи тарҳҳое, ки ширкатҳои туркӣ дар ин кишвар иҷро мекунанд, 435 миллион доллар баршумурдааст. 7 мактабу литсейи туркии “Шалола” беш аз 3000 толибилми тоҷикро ба таҳсил фаро гирифта, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон асосан муҳассилини ҳамин мактабҳои туркӣ медал меоранд.

Ҳамин тавр, як таъйингари аслии мӯди либос дар Тоҷикистон, бахусус барои ҷавонон, либосҳои туркист ва пуртамошобинтарин филму сериалҳо низ - филмҳои Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир дар намоиш ва фурӯши филмҳои туркӣ маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир дар намоиш ва фурӯши филмҳои туркӣ маҳдудият ҷорӣ кардааст.

туркӣ. Чунин нуфузи афзояндаи фаровардаҳои фарҳангии Туркия як андоза мояи нигаронии мақомоти Душанбе ҳам шуда, идораи давлатии “Тоҷиккино” дар моҳи май ҳатто намоиши 5 сериали пуртамошобини туркӣ - Ҳомиён”, «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хайёлҳои сабз» ва «Водии гургон»-ро ба далели “вуҷуди саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ ва ифротгароиву терроризм” манъ кард.

Як бахши равшанфикрони тоҷик ҳам бо ишора ба асароти манфии ҷунбиши пантуркизм, ки дар авоили асри 20 низ аз Туркия бархоста буд, бо нигаронии давлат аз, ба истилоҳ, “таҳоҷумҳои фарҳангӣ”-и Туркия мувофиқанд. Вале таҳлилгари тоҷик Ҷовид Ҷӯраев мегӯяд, даврони тавсиъаталабии кишварҳо бо шиорҳои қавмӣ кайҳо паси сар шудааст ва набояд аз ин зовия нигарони Туркия шуд: “Чунин ташвиш ҳаст, лекин феълан Тоҷикистону Туркия дар як контексти дигари сиёсиву иқтисодӣ қарор доранд ва ҳамкориашон ба арзишҳои миллии мо осебе зада наметавонад. Ва Тоҷикистон ҳам алакай аз нигоҳи тафаккури сиёсиву худшиносии миллӣ ба дараҷае расидааст ва зери таъсир қарор гирифтани элитаҳои мо имконпазир нест.”

“Парвандаи хатмшуда”

Аммо мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ ва таҳлилгари масоили Туркияву минтақа Аббоси Ҷаводӣ баръакси ҳамсӯҳбатони қаблии мо мегӯяд, агар нуфузталабиҳои Туркия дар ибтидо имтиёзҳое барояш овард, таҳаввулоти моҳҳои охир пиромуни сиёсати хориҷии Анкара, ки як шиори умдааш “парҳез аз ҳар навъ мушкил бо ҳамсояҳо” буд, суолҳоеро халқ кардааст. Ба ҳадде ки дар Анкара барои сиёсати хориҷӣ ҳатто таърифҳои наве меҷӯянд. Аббоси Ҷаводӣ, ҳамин тавр, талоши Туркия барои тавсиаи нуфузаш дар майдони Осиёи Марказиро “парвандаи хатмшуда” мешуморад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG