Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нишасти Иттиҳодияи Аврупо пешрафт ҳосил шудааст


Бино ба гузоришҳо сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди таъсиси ниҳоди ягонаи нозири фаъолияти бонкҳои ҳавзаи евро ба мувофиқат расидаанд, ки мумкин аст, соли оянда ба кор шурӯъ мекунад. Созиш бар сари ин масъала баёнгари рафъи ихтилофоти назари Олмон ва Фаронса аст, ки шеваҳои гуногуни тақвияти низоми гирифтори бонкии кишварҳои ҳавзаро пешниҳод мекарданд. Дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо вазъи Испониёро баррасӣ намекунанд, агарчӣ гуфта мешавад, ба зудӣ мӯҳтоҷи кӯмаки молӣ хоҳад шуд. Бӯҳрони Юнон, ки мунтазири қарзи навбатист аз мавзӯъҳои дигари ҳамоиш аст. Айни замон дар Юнон пулис ҳамчунон дар ҷараёни коршикании умумӣ бо тазоҳургарони хашмгин даргир шуд. Коршикании пайваста, Юнонро ба вартаи муфлисӣ наздик кардааст.
XS
SM
MD
LG