Пайвандҳои дастрасӣ

Ду тундрави тоҷик ба Тоҷикистон истирдод мешаванд


Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, аз давлати Афғонистон хоҳанд хост, ду тундгарои тоҷикро, ки бо иттиҳоми талош барои анҷоми амалиёти террористӣ дар Кобул дастгир шуданд, ба Тоҷикистон истирдод кунад. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо як қарордод дорем, дар бораи истирдоди террористҳо ва мутобиқи ҳамин мо маъмулан ҳамон террористҳоро мегирем ва Тоҷикистон равон мекунем. Инҳо асосан аз Покистон меоянд, мақсад мегузоранд, ки ё дар ин ҷо амалиёти террористӣ кунанд ва ё ба Тоҷикистон бираванд.” Мақомоти Афғонистон рӯзи сешанбе гуфтанд, ки Зокир ва Чорибой, аъзои гурӯҳи террористии Лашкари Ҷундуллоҳ аз вилоятҳои Хатлону Суғдро боздошт карданд, ки мехостанд, дар вилояти Каписо амалиёти террористӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG