Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони Аврупо дар Брюссел идома мекунад


Дар шаҳри Брюссел имрӯз нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо идома мекунад, ки дар он роҳҳои рафъи бӯҳрони қарзӣ дар баъзе аз кишварҳои узв баррасӣ мешавад. Дар рӯзи аввали нишаст, миёни Фаронсаву Олмон дар бораи шеваҳои тақвияти иқтисод ва таъсиси низоми бонкии ягона ихтилофи назар ба вуҷуд омад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи панҷшанбе гуфт, Иттиҳодияи Аврупо бояд соҳиби ҳаққи ветои тарҳи буҷаи кишварҳои узв бошад. Ба ақидаи ӯ, кумиссионери иқтисодии иттиҳодия бояд ҳақ дошта бошад, ки буҷаи номукаммали ҳар кишвари узвро ботил эълом кунад. Аммо Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, ин пешниҳодро рад карда ва гуфт, нахусин қароре, ки бояд дар нишаст қабул шавад, таъсиси ниҳоди ягонаи нозир ба фаъолияти бонкҳои кишварҳои узв бошад, ки то охири сол ба кор шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG