Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА барои иттилоъ дар бораи ду террорист ҷоиза таъйин кард


Вазорати умури хориҷии Амрико дар ивази иттилоъ дар бораи ду узви Ал-Қоида дар Эрон 12 миллион доллар подош таъйин кардааст. мақомоти вазорат рӯзи панҷшанбе гуфтанд, Муҳсин ал-Фаслӣ ва Одил Разӣ ал-Ваҳҳобӣ ду нафари аслианд, ки тундравонро ба Ироқу Афғонистон мефиристанд. Амрико барои аввалӣ 7 миллион ва барои дуввумӣ 5 миллион доллар подош ваъда кардааст. Ҳамзамон бо ин вазорати хазонадории Амрико ҳаргуна муомилот бо ин ду нафарро мамнӯъ эълом кард. Ба гуфтаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, Эрон иҷоза медиҳад, Ал-Қоида дар қаламраваш озодона амал кунад.
XS
SM
MD
LG