Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳимӣ бо пешниҳоди тозае ба Сурия меравад


Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милал мегӯяд, ки ба зудӣ ба Сурия меравад, то масъалаи эъломи оташбаси кӯтоҳ миёни ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад ва шӯришиёнро баррасӣ кунад. Ба гуфтаи Ахзар Иброҳимӣ, созиши оташбас метавонад, рӯзи Иди Қурбон шурӯъ шавад, ки 26 октябр фаро мерасад ва чаҳор рӯз идома мекунад. Ҳукумати Сурия аз ин пешниҳод истиқбол карда, вале гуфтааст, ки созишро бояд ҳарду тараф риоят кунанд. Ба гуфтаи Ахзар Иброҳимӣ, агар нерӯҳои ҳукуматии Сурия ҳамлаҳоро муттавақиф кунанд, шӯришиён ба оташбас розӣ хоҳанд шуд. Айни замон хабаргузории расмии Сурия САНА гуфтааст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ, бо маҳви шуришиёни зиёде рустоҳои атрофи шаҳри Маъраро аз ҳузури онҳо пок мекунанд.
XS
SM
MD
LG