Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод аз мусолиҳа дар Сурия пуштибонӣ кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод пешниҳоди мусолиҳа дар Сурия ва баргузории интихоботи озод ба хотири хатми низоъ дар ин кишварро пазируфт. Пешниҳоди мусолиҳа дар давраи омодагиҳо ба Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон қаблан аз сӯи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия Ахзар Иброҳимӣ ироа шуд.

Аҳмадинажод гуфт, ки бо чунин пешниҳод ӯ ба нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳам муроҷиат кардааст. Эрон аз ҳампаймонҳои асосии режими Башор Асад аст ва Туркия аз мунаққидони аслии ҳукумати Димишқ. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия имрӯз гуфт, ки пешниҳоди Иброҳимӣ аз сӯи Ҷомеъаи кишварҳои араб пуштибонӣ ёфтааст.

Ба иттилои СММ, дар 19 моҳи низоъ дар Сурия тақрибан 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG