Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Сарбурӣ барои саркашӣ аз фоҳишагарӣ


Қатли бераҳмонаи як зани афғон, саҳеҳтараш, бурида шудани сари ӯро коршиносон далели густариши тамоюли зӯроварӣ ба занон дар ғарби Афғонистон мешуморанд

Пайвандонаш ҷасади бесари Моҳгулро дар назди дарвозаи худ ёфтанд ва рӯйи даст гирифта, ба пеши бинои ҳукумати шаҳри Ҳирот оварданд. Гуфта мешавад, наварӯсро хешу табори шавҳараш бераҳмона ба қатл расондаанд. Бо иттиҳоми ин куштор ҷавони 18-сола бо номи Наҷибуллоҳ боздошт шуд, ки мегӯяд, хешонаш ӯро маҷбур карданд, ки корди тезеро бардорад ва сари Моҳгулро аз тан ҷудо кунад:

“Зани амакам (Паригул) ба ман гуфт, ки бояд ин касро бикушам. Ман гуфтам, наметавонам. Он гоҳ вай гуфт, агар ӯро кушта наметавонӣ, ба ман кӯмак кун, ки ман бикушамаш. Вай маро маҷбур кард ва ман кӯмакаш кардам. Вай маро даруни хона бурд ва ҳангоме ки шавҳари Мoҳгул ба нонвой рафт, маро фарёд кард. Вай пойҳои Мoҳгулро дошт ва ба ман амр кард, ки сарашро бурам. Пурсидам, чаро мехоҳад, сари Мoҳгул бурида шавад. Гуфт, ӯро бад мебинад, зеро ба гапаш гӯш намедиҳад.”

Сардори полиси Ҳирот, генерал Абдулғаффор гуфт, полис ибтидо хушдоман, падарарӯс ва шавҳари Мoҳгулро ба ҳабс гирифт. Аммо дертар Наҷибуллоҳро ҳам боздошт кард, зеро шоҳиде баёнот дод, ки ӯро корди хунолуд дар даст дидааст. Генерал афзуд, ҳанӯз иттиҳом расман эълон нашудааст, аммо тафтишот ба натиҷае расид, ки хонадони шавҳараш Моҳгулро маҷбур ба фаҳшо кардаанд ва саркашии ӯ сабаби қатл шудааст.

Хешони мусибатзадаи Моҳгул ҳамроҳ бо даҳҳо зани дигар бо эътироз аз таъхир дар эълони ҷурм дар назди бинои полис гирдиҳамоӣ карданд. Дар як изҳорот созмони Афви Байнулмилал қатли Моҳгулро шадидан маҳкум кард. Сузон Носсел, намояндаи ин созмон гуфт, “фоҷиаи Моҳгул нишон медиҳад, ки фазои атрофи занону духтарон дар Афғонистон то чӣ ҳад хушунатбор аст.”

Қазияи Моҳгул дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аввали моҳи октябр ҷасади гӯшу бинӣ ва ангуштбуридаи зани 30-солае дар ноҳияи Поманори Ҳирот кашф шуд. Пизишкон гуфтаанд, вай дар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. То ҳол касе бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор боздошт нашудааст. Додситонии Ҳирот мегӯяд, аз аввали сол наздик ба 20 зан дар ин вилоят ба қатл расидаанд. Раиси бахши занон дар ҳукумати Ҳирот Маҳбуба Ҷамшедӣ мегӯяд, 700 парвандае дар даст дорад, ки бино бар онҳо, занон ҳадафи шиканҷа қарор ёфта, бархе аз онҳо худкушӣ кардаанд.

Лайлама Раҳимӣ, фаъоли ҳуқуқи зан дар Ҳирот бар ин аст, ки беҷазо мондани гунаҳкорони бадрафторӣ бо занон сабаби афзоиши воқеаҳои фоҷиабор гаштааст. Ба ақидаи ӯ, бархе аз мақомот ин рӯйдодҳоро ба фарҳанги қабилаӣ, посухи бадахлоқӣ ё “кори шахсӣ” марбут медонанд ва ба душворӣ дар пайи муҷозоти гуноҳкорон мешаванд.

Ба ақидаи хонум Раҳимӣ, мақомоти давлат бояд барои татбиқи қонуни решакан кардани хушунати оилавӣ, ки порлумони Афғонистон дар соли 2009 қабул кардааст, талоши воқеӣ ба харҷ диҳанд. Сустӣ дар ин роҳ, меафзояд ӯ, ба идомаи зӯроварии нисбати зан ва хабарҳои тозаи такондиҳанда сабаб хоҳад гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG