Пайвандҳои дастрасӣ

Сигоркашӣ дар Русия маҳдуд карда хоҳад шуд


Ҳукумати Русия тарҳи қонун дар бораи манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро пазируфт, ки аз сӯи вазорати ҳифзи сиҳат таҳия шудааст. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар ин нишаст бо такя ба омори расмӣ гуфт, ки алҳол сеяки сокинони кишвар сигор мекашанд.

Бар пояи қонуни нав сигоркашӣ дар майдончаҳо барои атфол, мактабу донишгоҳҳо, муассисаҳои давлатӣ ва шурӯъ аз соли 2015 дар тарабхонаҳо манъ карда мешавад.

Ба ҷуз ин, фурӯши сигор дар дуконҳо ва тарғиби он дар тавлидоти видеоиву аудиоӣ барои кӯдакон муҷозотро ба думбол хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG