Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шуғли тиҷоратро ба муҳоҷирон иҷозат медиҳад


Русия баъди панҷ соли манъи кори муҳоҷирон дар нуқтаҳои савдо, қарор кардаст сар аз соли 2013 ҷалби шаҳрвандони хориҷиро ба савдои чакана аз нав иҷозат диҳад.
Дар назар аст, қарори дахлдорро адар ин бора вазорати меҳнати Русия то охири соли ҷорӣ таҳия хоҳад кард. Аз соли 2007-ум то ҳозир муҳоҷирон имкон надоштанд, расман дар нуқтаҳои савдо фаъолият кунанд. Акнун ба корфармоён ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода мешавад, ба шарте агар шумораи муҳоҷирон аз 25 фоизи шумораи умумии кормандони ташкилот зиёд набошад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омӯзишҳо мухолифони муҳоҷирон миёни аҳолии Русия рӯзафзун аст. Ахиран Маркази тадқиқоти сотсиологии Русия, «Левада сентр» дар натиҷаи як назарпурсӣ муайян кардаст, ки муносибати русиягиҳо бо муҳоҷирон бадтар шудаст.
Ба иттилои «Левада сентр» таи ду соли охир мухолифони муҳоҷирон дар Русия аз 45 фоиз то 50 дарсад расидаст.
Ҳудуди 45 фоизи русиягиҳо изҳор доштаанд, ки бадие аз намояндагони миллатҳои дигар эҳсос накардаанд ва нисбати муҳоҷирон ҳисси бадбиние надоранд. Аммо 35 фоизи пурсидашудагон дар бисёри камбудиҳои ҳаёташон муҳоҷиронро айбдор арзёбӣ кардаанд. Назарпурсӣ собит кардаст, ки шаҳрвандони Русия асосан аз муҳоҷирони Украина, Молдова, Белорусия ва дигар кишварҳои хориҷи наздик норозиянд. Аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 1 миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, ки асосан дар бахши сохтмон, хоҷагии қишлоқ ва хизматрасониҳо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG