Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз беному нишонии 28 ҳазор сокини Сурия


Ҳомиёни ҳуқуқи башари мустақар дар Сурия дар бораи беному нишон шудани тақрибан 28 ҳазор нафари аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мусаллаҳони пуштибон аз раисиҷумҳур Башор Асад хабар доданд.

Гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи башари “Аваз” эълом дошт, ки мехоҳад иттилои дар ин бора ҷамъовардаашро дар ихтиёри Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузорад. Ин гурӯҳ ному насаби 18 ҳазор нафари аз оғози эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ғайбзадаро мушаххас кардааст. Айни ҳол талошҳо барои муқаррар кардани шахсияти 10 ҳазор нафари бар асари даргириҳо ва амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ боздоштшуда идома дорад.

Масъулини ин гурӯҳ мегӯянд, ки дар “маъракаи террори мақомоти Димишқ касе наметавонад худро дар амн эҳсос кунад”. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, миёни афроди ғайбзада сокинони осоишта, аз ҷумла, занону кӯдакон бештаранд.
XS
SM
MD
LG