Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъзоми кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир ба Хоруғ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳ аз кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба Бадахшон рафтаанд.

Муовини сардори Ситоди Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Маҳмаднаим Маризоев, рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, эъзоми гурӯҳи кормандони ин ниҳод ба Бадахшон ба ҳаводиси ахири Хоруғ иртибот надорад ва дар доираи амалиёти "Кӯкнор-2013" сурат мегирад.

Ӯ илова кард, ба ин ҳайат кормандони ҳамаи раёсатҳои Оҷонсии назорати маводи нашъаовар шомиланд ва вазифаи ҳар яки онҳо мушаххас аст. Ба гуфтаи ҷаноби Маризоев, нақшаи фиристодани ин гурӯҳ аз қабл якҷоя бо Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таҳия шуда, ҳадафи он асосан таблиғи зидди маводи мухаддир аст.

"Нақша аз он иборат аст, ки якум бо мақсади бурдани корҳои оперативӣ, дувум пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва сеюм корҳои профилактикӣ. Яъне, дар байни омма мо корҳои тарбиявиву таблиғотӣ мебарем. Ин чорабинӣ бо он ҳодисаҳое, ки рух додаанд, ягон иртиботе надорад",-афзуд ӯ.

Муовини сардори Ситоди Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон афзуд, амалиёти ба ин монанд дар бақия навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар дар давоми сол доир шудааст. Ҷаноби Маризоев дар посух ба саволи Радиои Озодӣ гуфт, аъзои ин гурӯҳ танҳо ба унвони як ходими сохтори низомӣ сирф дар ҳолатҳои истисноӣ аз силоҳ истифода хоҳанд кард. "Зеро барномаи кори онҳо дар Бадахшон зарурати истифода аз силоҳро дар назар надорад",-гуфт мусоҳиби мо.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00
Линки мустақим


Баёнияҳои мақомоти давлатӣ дар бораи эътидоли комили вазъ дар Бадахшон ин суханони ноиби сардори Ситоди Оҷонси назорати маводи муахддирро тасдиқ мекунанд. Вале фиристода шудани гурӯҳи сершумор ва таҷрибаи амалиёти “Кӯкнор” дар гузашта дар байни сокинони Хоруғ нигарониҳоеро ба бор овардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои даргирии Хоруғ чанде аз фармондеҳони минтақа ба қочоқи маводи мухаддир низ айбдор мешуданд. Гузашта аз ин, рӯзи 12-уми октябр сарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҷаласа доштанд ва гуфтанд, таҳқиқи қатли раҳбари бахши вилоятии Кумитаи амнияти миллӣ, генерал Абдулло Назаров бояд ба зудӣ анҷом ёбад.

Толиб Айёмбеков
Толиб Айёмбеков
Толиб Айёмбеков, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки аз гумонбарон дар қатли генерал Назаров ба шумор меравад, гуфт, ӯ дар посух ба ҳар даъвати бозрасон бидуни таъхир ба бозпурсиҳо ҳозир мешавад, аммо афзоиши таъқиби ҷавонҳо ва ворид шудани нерӯҳои изофӣ сабаби нигарониҳо шудааст: "Рости гап, нафаҳмидам, ки фикри онҳо чист. Чаро омаданд, намедонам. Гурӯҳи маслиҳату 20-нафарӣ ҳаррӯз ҳамаашон дар ҳукуматанд. Протоколҳоро имзо карданд, баъд имзоҳоро боз дигар хел карданд. Ҳоло амният (КДАМ) ҳам ҳаррӯз даводаву кашокаш дорад бачаҳоро. Худи вазири амният инҷо омад дар маҳалҳо бо мардум гап зад. Мардум гуфт, ҳама яроқу силоҳро доданд, таслим карданд, ҳоло чи кашокаш мекунед, бачаҳои моро мебареду "дело" мекунед. Масъала ҳоло ҳал нашудааст. Ба халқ фаҳмонанд, халқ худаш ҳал мекунад. Халқ мегӯяд, тавонанд ҳал кунанд, наметавонанд боз меравию митингу митингбозиву ҳамин корҳо боз сар мешавад. Дигар чӣ кор мекунӣ?"

Зимнан, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари ахираш ба бархе аз навоҳии Бадашон таъкид карда буд, ки аз соли 2000-ум то имрӯз дар миқёси вилоят шаш тоннаву 83 кило ва дар чоруним соли охир танҳо як тоннаву 100 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Президент Раҳмон бо ишора ба ин рақамҳо гуфта буд, қаламрави вилояти Бадахшон ба дарвозаи қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир, силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо табдил ёфтааст, ки дар навбати худ яке аз сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба ҷинояткории созмонёфтаи ба шумор меояд. Бо ин ҳама Маҳмаднаим Маризоев, муовини сардори Ситоди Оҷонсии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи эъзомӣ барои се ҳафта ба Бадахшон сафар кардааст, вале дар сурати зарурат имкон дорад, ин мӯҳлат дарозтар шавад.
XS
SM
MD
LG