Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амири Кувайт ба энергетикаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардаст


Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири давлати Кувайт барои густариши сармоягузориҳо ба Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намудаст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми октябр амири Кувайт зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техникаро дар Тоҷикистон ҷолиб арзёбӣ кардаст.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро оиди ҷудо намудани 2 миллиард доллари амрикоӣ барои кишварҳои рӯ ба рушди Осиё баҳои баланд додаст. Бо ишора ба заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни Тоҷикистону Кувайт, ҳанӯз аз соли 1995 мавҷуд аст, изҳори боварӣ карда шудаст, ки минбаъд ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар такон меёбад.
Барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар аввали ҳафтаи ҷорӣ барои фароҳам кардани фазои ҳуқуқии беҳтар дар шаҳри Душанбе, як ҳайати воломақоми вазорати молияи давлати Кувайт қарор дошт, ки бо ҳамтоёни тоҷикашон масъалаи гурез аз андозбандии дутарафаро баррасӣ намуда, дар назар аст, созишнома дар ин бора ояндаи наздик ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG