Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Китобхонаи миллӣ "Макка"-и донишҷӯён нест?


Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе
Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе

Бо вуҷуди он ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон имконоти фаровоне дорад, ҳанӯз ҳам сафи муштариёнаш андак будааст.

Бузургтарин бино дар Тоҷикистон, бо масоҳати 45 ҳазор метри мураббаъ, моли Китобхонаи миллист. Дар бунёди ин бино 5 сол ва 40 миллион доллар сарф шудааст.

Ҳар як захирагоҳи китобхона наздик ба 7 миллион китоби чопӣ ва электронӣ дорад. Аз рӯи бовари ҳукумат ва рӯшанфикрон Китобхонаи миллӣ бояд ба "Макка"-и ҷавонони тоҷик табдил шавад.

Толори электронии китобхона аз маъруфтарин толорҳост. Ин толори дорои 170 компютер ҳамеша серодам аст. Аз ин ҷо муштариён ба захирагоҳи маводи электронӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, ки беш аз 20 миллион китоб, корҳои илмӣ ва маколаҳоро фаро гирифтааст.

Аммо шояд бахши умдаи муштариён аз вуҷуди ин захирагоҳи пурарзиш хабар надоранд. Аксари муштариён ба тамошои аксҳо ва ё сӯҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд.

Бунёди бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон тасодуфӣ нест. Ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ дар тӯли ду даҳсолаи охир сатҳи илму маориф дар Тоҷикистон ба шиддат поён рафт. Толорҳои бешумори Китобхонаи миллӣ, ки бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон метавонанд ба даҳҳо ҳазор нафар хизмат расонад, ҳоло тақрибан холист.

Ҳоло рахбарияти донишгоҳҳои пойтахт низ барои дар дили ҷавонон ҷой кардани ишқи китоб ва Китобхонаи миллӣ ҳамроҳ шудаанд. Ректорони мактабҳои олии пойтахт якҷоя бо декани факултаҳо донишҷӯёнро маҷбур мекунанд, ки аз Китобхонаи миллӣ истифода намоянд.

Китобхонаи миллӣ хонанда дорад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00
XS
SM
MD
LG