Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвои мухолифони Русия аз боздошт раҳо шуд


Пулиси Русия Сергей Удалтсовро баъд аз эъломи расмии иттиҳом дар мавриди тарҳрезии ошӯбҳои оммавӣ раҳо намуд.

Сергей Удалтсов, раҳбари мухолифони чапгарои Русия, пас аз раҳоиаш дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ифтитоҳи парванда алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Ӯ афзуд, "он чӣ ки имрӯз рух дод, ба андешаи ман, ниқор барои тамоми фаъолиятҳои мо дар чанд моҳи охир аст, зеро мо ҳақиқатро мегӯем, нотарсона дузду фиребгаронро танқид мекунем, аз ин рӯ ин як ниқори ошкор аст."

Сергей Удалстовро баъди он ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд, ки муаллифони як филми мустанади телевизиони НТВ-и Русия иддао карданд, ки раҳбари Ҷабҳаи Чап аз Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон ва душмани Русия амр ва пул гирифтааст, то дар ин кишвар ошӯбу нооромӣ барангезад.

Аммо Сергей Удалтсов мегуяд, ин ҳама бофта аст: "Ман ҳамаи ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтам, ин ҳама воқеият надорад ва бофтаи як мағзи бемор аст. Ҳамингуна ман таъкид кардам, ки ҳеҷ гуна иртиботе бо хадамоти махсуси ғарбӣ ва Гурҷистон надорам ва пул ҳам нагирифтаам ва ин кор ҳам намешуд, агарчӣ мо мухолифи давлат ҳам бошем, аммо бо роҳҳои сулҳомез фаъолият мекунем ва тарафдори хушунату хунрезӣ нестем."

Сергей Удалтсов аз тарафдоронаш дар Русия хост, ҳарчӣ бештар алайҳи раисиҷумҳур Владимир Путин тазоҳурот кунанд: "Ба андешаи ман, агар ҳамаи мо шаҳрвандон ҳарчӣ бештар фаъол нашавем, моро яктоӣ бо баҳонаву иттиҳомоти аҳмақонаву беасос ба зиндон меандозанд."

Муфаттишони Русия бо нашри баёнияе гуфтанд, онҳо ин иддаоҳоро таҳқиқ мекунанд, ки гӯиё Сергей Удалтсов, пешвои мухолифони чапгарои Русия, “амалиёти террористӣ” тарҳрезӣ кардааст. Рӯзи чаҳоршанбе, 17-уми октябр, маъмурони сиёҳпӯши шаҳри Маскав хонаи Удалтсовро тафтиш карда, ӯро барои бозпурсӣ ба идораи пулис бурданд. Бар асоси амри пулис ӯ то замони таҳқиқ ҳақ надорад, Маскавро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG