Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаводори "Ал-Қоида"-ро ба додгоҳи Ню Йорк оварданд


Рӯзи чаҳоршанбе як ҷавони бангладеширо барои эъломи иттиҳом ба Додгоҳи Ню Йорк ҳозир карданд, ки ба гуфтаи мақомоти Иёлоти Муттаҳида мехост, Бонки Марказии Амрикоро битарконад. Қозӣ Нафиси 21-сола дар амалиёти тарҳрезишудае субҳи чаҳоршанбе ба доми маъмурони амниятии Амрико афтодааст. Рей Келлӣ сардори раёсати пулиси Ню Йорк рӯзи чаҳоршанбе дар ин бора гуфт: "Ин фард бо ҳадафи анҷоми амали террористӣ ба Амрико омада буд. Ӯ бо баҳонаи таҳсил дар коллеҷи Миссурӣ раводид гирифта ва моҳи январ бо азми як навъ ҷиҳод дар Амрико ба инҷо омадааст." Қозӣ Нафис як мошинеро, ки фикр мекард, 453 килограм маводи тарканда дорад, дар назди бинои бонк гузошта ва хостааст, онро мунфаҷитр кунад. Муфаттишони амрикоӣ мегӯянд, Қозӣ Нафис бо Ал-Қоида иртибот доштааст ва баъди вурудаш хостааст, як ҳалқаи террористӣ ташкил кунад, аммо бехабар ба доми маъмурони амниятии Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико афтодааст.
XS
SM
MD
LG