Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони Аврупо дар Брюссел ҷамъ меоянд


Дар талоши дигаре барои рафъи бӯҳрони қарзӣ дар Иттиҳодияи Аврупо сарони кишварҳои узви иттиҳодия имрӯз дар шаҳри Брюссел ҷамъ меоянд. Дар нишасти дурӯза, масъалаи таъсиси низомии бонкии воҳид дар ҳавзаи евро баррасӣ мешавад. Танҳо дар ҳамин сол сарони кишварҳои узв бори чаҳорум аст, ки гирди ҳам меоянд ва ин бистудуввумин нишасти онҳо баъди оғози бӯҳрони қарзӣ дар Юнон дар соли 2009-ум сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мешавад. Дипломатҳо мегӯянд, ки аз ин нишаст самараи зиёде интизор надорад. Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъи молии Испониё узви дигари ҳавзаи евро бадтар шудааст. Интизор меравад, ки қарор дар бораи кӯмак ба Испониё, Юнон ва Қибрис дар нишасти ояндаи вазирони молияи кишварҳои узв дар моҳи оянда қабул шавад.
XS
SM
MD
LG