Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари мухолифони Русияро раҳо карданд


Сергей Удалтсов, раҳбари Ҷабҳаи Чап, яке аз ҳаракати мухолифи давлати Русия мегӯяд, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ як навъ ниқори ҳукумат аз онҳост. Ӯ баъди раҳоиаш аз тарафи пулис рӯзи чаҳоршанбе гуфт: “Ончӣ ки имрӯз рух дод, ба андешаи ман, ниқор барои тамоми фаъолиятҳои мо дар чанд моҳи ахир аст, зеро мо ҳақиқатро мегӯем, нотарсона дузду фиребгаронро танқид мекунем, аз ин рӯ ин як ниқори ошкор аст. Муфаттишони Русия дирӯз алайҳи Сергей Удалтсов ва чанд раҳбари дигари мухолифини ҳукумат бо иттиҳоми омодагӣ барои ошӯбҳои оммавӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ба гуфтаи Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи Тафтишотии Русия, ин афрод мехостаанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти Гурҷистон ҳукумати Русияро сарнагун кунанд. Сергей Удалтсов ҳамаи ин иттиҳомотро бофтаву сохта хонд.
XS
SM
MD
LG