Пайвандҳои дастрасӣ

Авфи Байналмилал қатли духтари афғонро маҳкум кард


Созмони Авфи Байналмилал, қатли бераҳмонаи як духтари афғонро маҳкум кард ва ҳукумати Афғонистон хост, хушунат алайҳи занонро решакан кунад. Авфи Байналмилал бо нашри баёнияе дар бораи қатли Моҳгули 24-сола, ки бино ба гузоришҳо, хушдоманаш сари ӯро барои сарпечӣ аз танфурӯшӣ буридааст, гуфт, “Сарнавишти фоҷиабори Моҳгул, яке аз ҳодисаҳои зиёдест, зиндагии занону духтарони афғон дар шароити хушунатборро нишон медиҳад.” Ҳодисаи мазкур чанде пеш дар Ҳирот сурат гирифтааст. Сюзан Носсел, мудири иҷроияи дафтари амрикоии Авфи Байналмилал аз ҳукумати Афғонистон хост, Қонун дар бораи маҳви хушунат алайҳи занонро дуруст амалӣ кунад, ки соли 2009 қабул шуд. Бар асоси ин қонун, издивоҷи маҷбурӣ, таҷовуз ва латукубу зуроварӣ нисбат ба зан дар Афғонистон мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG