Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди дипломатҳои аврупоӣ аз Бадахшон


Гурӯҳе аз дипломатҳои ғарбӣ барои ошноӣ бо вазъ ба Бадахшон сафар карданд.

Ҳайате аз намояндагони расмии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд, то бо вазъи иҷтимоиву сиёсии он аз наздик ошно шаванд. Ин аввалин сафари дипломатҳои ғарбӣ ба Бадахшон аст, ки пас аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар ин вилоят иттифоқ меафтад.

Таври маълум, ҷузвутомҳои Вазорати дифоъ, Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 24-уми июл, пас аз кушта шудани раҳбари хадамоти амнияти миллӣ дар Хоруғ, генерал Абдулло Назаров, дар ин ҷо амалиёти густардаеро ба роҳ монданд, ки бар асари он 13 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва 30 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ва инчунин афроди осоишта кушта шуданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ҳадаф аз амалиёти ҳарбӣ боздошти гумонбарони қатли генерал Назаров буд.

Бино бар иттилои манобеи ғайрирасмӣ сар аз он вақт вуруди намояндагони созмонҳои хориҷӣ ба вилоят манъ буд ва гуфта мешуд, ҳатто кормандони Кумитаи Байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар натавонистанд ба Хоруғ сафар кунанд.

Сафари дипломатҳо дар ҳоле ҷараён мегирад, ки мақомоти вилоят ва сарони ниҳодҳои қудратӣ мегӯянд, вазъ ором будаву зиндагӣ ба маҷрои одии худ баргаштааст. Панҷ рӯз пеш сарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҷаласа доштанд ва гуфтанд, таҳқиғқи қатли генерал Назаров бояд ба зудӣ ба поён расад. Дар мулоқоти онҳо бо аҳолии маҳаллӣ модарон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки писарони онҳо ба бозпурсӣ даъват мешаванд, дар ҳоле ки ба даъвати ҳукумат тан доданд ва аслиҳаи худро супурданд. Вале мақомоти давлатӣ мегӯянд, ин бозпурсиҳо ба хотири таҳқиқи парванда сурат мегиранд.

Аммо раиси КДАМ хабарҳои таъқиби "беасоси" шаҳрандонро рад карда гуфт, ки бештар аз 30 нафар ба раёсат барои пурсиш даъват шуданд, вале аз ин афрод то ба ҳол нафаре боздошт нашудаст. С. Ятимов гуфт, ки ин пурсишҳо фақат барои аниқ кардани маълумотест, ки оё ин афрод воқеан бо силоҳ сари кор гирифтанд ё не, анҷом мешаванд ва ҳадафи таъқибу фишорро надоранд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар тайъид кард, ки ба 20 нафар аз ин ашхос дар асоси нишондоди Шерик Карамхудоев, сокини маҳаллаи УПД, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ин сохтор қарор дорад, даъватнома фиристода шудааст. Аммо ба фикри ширкаткунандагони мулоқот ин баёнот "дар натиҷаи шиканҷаи" маҳбус ба даст омада, наметавонанд, қобили эътимод бошанд.

Раиси вилоят Қодири Қосим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар Хоруғ ва кулли вилоят ором аст.
XS
SM
MD
LG