Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Девона гурез, ки зани маст омад!


Бо вуҷуди он, ки ҷомеаи суннатии тоҷик ба занони майхора нигоҳи шадидан манфӣ дорад, бонувони сархуш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарчӣ бештар ба чашм мехӯранд.

Гузашта аз ин, вақтҳои охир шуморае аз занон барои бадмастӣ ва баҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашонида мешаванд.

Саидхӯҷа Мирзохӯҷаев, муовини аввали сардори Раёсати умури дохилии Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз 2000 бадмасте, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ҳушёрхонаи пойтахт оварда шудаанд, 80 нафарашонро занон ташкил додаанд.

Вай мегӯяд: «Агарчӣ ин теъдод нисбати соли гузашта 29 нафар камтар бошад, аммо ин занҳо қабл аз ҳама модар ҳастанд ва дар тарбияи худ фарзандони ноболиғро доранд ва кодекси ҳуқувайронкунии маъмуриву ҷиноӣ ҳам барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ҷазои маъмуриву ҷиноиро пешбинӣ кардааст. Барои коҳиши ин раванд, кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораандешӣ доранд. Зеро бо афзудани теъдоди майхорон, шумораи оилаҳои ноуствор низ зиёд мешавад. Ва дар ҳолате, ки волидайн чунин одати бад доранд, кӯдакон наметавонанд тарбияи дуруст бигиранд.»

Саидхӯҷа Мирзохоҷаев
Саидхӯҷа Мирзохоҷаев
Маъмурони ҳушёрхона низ мегӯянд, шаби гузашта аз хиёбонҳои пойтахт 10 фарди бадмаст, ба шумули як зан боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ба ин муассиса асосан онҳоеро меоранд, ки дар ҳолати миёна ва вазнини мастӣ қарор доранд. Ҳамчунин баъзе мавридҳое низ сабт шудаанд, ки занони маст пушти чанбари мошин нишастаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раҳбарони бархе аз вилоятҳои Тоҷикистон аллакай аз афзоиши майнӯшии ҷинси латиф изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла ахиран Ғайбуллои Афзал, раиси вилояти Хатлон аз бадмастии занону духтарони ин минтақа шикоят намуда гуфтааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби мақомоти интизомӣ, 55 зану духтаре дастгир шудаанд, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Чанд рӯзи пеш Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон низ аз афзоиши бадмастӣ дар шаҳри Хоруғ садо баланд кард ва теъдоди мағозаҳо ва дӯконҳои фурӯши алкулро коҳиш дод.

Бар асоси омори Маркази наркологии кишвар, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 133 зани майнӯш ба қайд гирифта шудаанд, ки ин тақрибан 23 фоизи афроди майхораи сабтшударо дар шаҳри Душанбе ташкил медиҳад. Аскар Раҷабов, мудири шӯъбаи омори ин марказ мегӯяд: «Агар дар сатҳи ҷумҳурӣ бигирем, дар ҳамин давра 7 ҳазору 255 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миён 223 нафарашон занонанд.»

Соҳибназорон мегӯянд, беназмӣ дар фурӯши машруботи спиртӣ ва афзоиши раванди муҳоҷирати занон, боиси густариши ин падидаи номатлуб миёни занони тоҷик шудааст. Дар ин баробар назарҳои дигар низ матраҳанд, ки аз ҷиҳати равониву фитрӣ омода набудани занон ба мушкилоти иҷтимоӣ, онҳоро бо шароб ҳамнишин кардааст.

Аммо Намоз Бобоев, мудири мактаби махсуси ҷумҳуриявии ноболиғони душвортарбияро бештар аз ҳама майхорагии духтарони ноболиғ нигарон кардааст. Вай мегӯяд, дар 2 моҳи ахир аз ҳар минтақаи кишвар 10 муроҷиати волидайнро қабул кардааст, ки аз майнӯшии духтаронашон дар изтиробанд. Аз ҷумла вай мегӯяд, чанд рӯз қабл модаре аз ноҳияи Фирдавсӣ ба ӯ дар мавриди майнӯшии ду духтараш шикоят намудааст.

Намоз Бобоев мегӯяд, «Асосан ин духтарон аз оилаҳое ҳастанд, ки дур аз тарбияи падар мондаанд. Ва чун модар дар танҳои аз ӯҳдаи тарбияи духтар намебарояд, бинобар ин онҳо ба чунин амалҳо даст мезананд. Аз сӯи дигар бигирем дарди чунин духтарон хеле зиёд аст. Аксаран онҳо аз он шикоят мекунанд, ки калонсолон ба ҳарфи дилашон гӯш намедиҳанд. Гумон мекунам агар ҷомеа дар ин масъала бетарафӣ накунад, мо метавонем пеши роҳи ин раванди номатлубро бигирем. Зеро майхора шудани зани тоҷик баробар ба як фоҷеа аст.»

Ҳуриниссо Ғаффорзода
Ҳуриниссо Ғаффорзода
Дар ҳамин ҳол Ҳуриниссо Ғаффорзода, яке аз фаъолзанони тоҷик бар ин аст, ки агар занони тоҷик бо он ҷасорате, ки доранд, соҳиби кори муносиб ва зиндагии шоиста бошанд, ҳаргиз рӯ ба майхорагӣ намеоранд: «Бовар кунед тамоюле, ки ҳоло мавҷуд аст, дар ҳеҷ даврони пешин вуҷуд надошт. Дар замони собиқ шӯравӣ теъдоди андаки занон майхора буданд, зеро он вақт ҳама банди кор буд. Ҳоло дар кӯчаҳо духтарҳоро дар ҳолати мастӣ мебинем ва вақте сухан гуфтани онҳоро мешунавем, шарми кас меояд, ки то ин ҳад кимату шарафи худро ба замин задаанд. Ман ҳамчун намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ, ки бо занон кор мекунам, мушоҳида менамоям, ки на танҳо дар ҳудуди пойтахт, балки дар шаҳру вилоятҳои дигар низ ба чашм мерасанд, ки воқеан боиси нигаронист.»

Нозирони умур таъкид ба он доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон набояд мушкили майхорагӣ дар кишвар, ба хусус миёни занони тоҷикро нодида бигиранд. Зеро бо он, ки ин раванд торафт густариш меёбад, ниҳодҳои марбута ягон барномаҳои мушахасе рӯи даст нагирифтаанд ва ба иддаои нозирони умур, чунин фориғболӣ метавонад дар чомеаи суннатии тоҷик паёмади ногуворе ба бор оварад. Ин ҳам дар ҳоле, ки 97 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро мусалмон аст ва шариати ислом низ майнӯширо ҳаром медонад.
XS
SM
MD
LG