Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мадина бистарӣ шудани 3 зоири тоҷик


Се зоири тоҷик дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ бистарӣ шудаанд. Назир Расулов – раҳбари ҳайъати табибони масъули муроқибати зоирони тоҷик дар маросими Ҳаҷҷ ба хабаргузории Исламнюс гуфтааст, ки Наргис Аҳмадоваи 34-сола аз Панҷакент аз қабл саратон дошта, дар инҷо бемориаш хуруҷ кард. Сокини дигари Панҷакент Эсанбой Ашӯрови 72-сола дар пайи сактаи мағзӣ ва сокини 78-солаи ноҳияи Айнӣ Шарифа Камолова низ бо бемории саратон ба бемористон бурда шуданд. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 6000 нафар сафари Ҳаҷҷ кардаанд. Зиёрати онҳо аз Маккаву Мадина то 19 ноябр давом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG