Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми боздошти сарони Ота-Ҷурт тағйир наёфт


Тазоҳуроти эътирозӣ дар ҳавлии додгоҳи Бишкек

Тазоҳуроти эътирозӣ дар ҳавлии додгоҳи Бишкек

Додгоҳи Бишкек имрӯз ҳукми ду моҳи боздошти аввалияи се вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби мухолифи Ота-Ҷуртро тасдиқ кард. Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамитов бо иттиҳоми ба ошӯб таҳрик додани аҳли тазоҳуроти 3 октябр дар Бишкек боздошт шудаанд. Ҳудуди 100 тан аз тарафдорони сиёсатмадорони боздоштшуда имрӯз дар ҳавлии додгоҳи Бишкек гирди ҳам омада, бо талаби раҳоии онҳо ба сӯи парлумон раҳпаймоӣ карданд. Имрӯз дастикам 200 нафар бо айни талаб дар Ҷалолобод ҷамъ шуда, талош кардаанд, то шоҳроҳи асосӣ ба сӯи ин вилояти ҷанубиро бубанданд.
XS
SM
MD
LG