Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Вахш” дар Душанбе


Бозии дастаҳои "Истиқлол"-у "Вахш"

Бозии дастаҳои "Истиқлол"-у "Вахш"

Бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бегоҳи 17-уми октябр поён ёфт.

Дар ин бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи маркавзии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, тими мизбон - “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Голро Дилшод Восиев, капитани дастаи "Истиқлол", дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 74-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Вале ин ғалаба мавқеи дастаи “Истиқлол”-ро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар – ҳамагӣ 15 бозӣ анҷом додааст, бо 33 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. “Истиқлол” бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.


“Регар-ТадАЗ” бо 45 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан" бо 44 имтиёз дар ҷойи дувум қарор доранд. Тими “Хайр”-и Ваҳдат бо 36 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 14 3 1 52-14 45
2. «Равшан» (Кӯлоб) 18 14 2 2 30-8 44
3. «Хайр» (Ваҳдат) 17 11 3 3 31-18 36
4. «Истиқлол» (Душанбе) 15 10 3 2 34-9 33
5. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 18 8 3 7 35-26 27
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 18 8 3 7 24-16 27
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 7 3 8 26-29 24
8. «Энергетик» (Душанбе) 18 6 6 6 24-21 24
9. «Истаравшан» (Истаравшан) 19 6 4 9 27-35 22
10. КМВА “Помир” (Душанбе 19 5 5 9 17-23 20
11. «Ҳосилот» (Фархор) 18 4 2 12 17-37 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 18 2 0 16 9-46 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 18 1 3 14 19-63 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол»)-13 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ») – 12-тӯбӣ, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») – 10 тӯб, Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (ҳарду - «Парвоз») - 9-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 21-ум

19-уми октябр(ҷумъа)
Оғози бозӣ- соати 15:00

«Гвардия» - «Хайр»

20-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Энергетик» - «Равшан»
«Регар-ТадАЗ» - «Ҳосилот»

21-уми октябр (якшанбе)
ССКА «Помир» - «Зарафшон»
«Вахш» - «Хуҷанд»
«Парвоз» - «Истиқлол»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG