Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иброҳимӣ: Сурия минтақаро ба оташ мекашонад


Ахзар Иброҳимӣ

Ахзар Иброҳимӣ

Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Ахзар Иброҳимӣ гуфт, низоъи 19-моҳаи Сурия метавонад боқии минтақаро ҳам ба “оташ” бикашонад. Иброҳимӣ дар Бейрут ҳамчунин буҳрони Сурияро як раванди “хеле ва хеле мушкил” ба қалам дод, вале гуфт, имкони “реза”-е вуҷуд дорад, ки мусолиҳа дар ин кишвари ошӯбзада ба оташбаси доимӣ табдил шавад. Ӯ бидуни ироаи рӯзи мушаххас афзуд, ки аз Димишқ низ боздид хоҳад кард. Пауло Пинейро, раҳбари куммиссиюни вижаи СММ, ки мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи башар дар Сурияро таҳқиқ мекунад, дирӯз гуфт, садҳо ҷангии хориҷӣ на ба хотири “сохтани давлати демократӣ”, балки “барои ҳадафҳои худ” ба Сурия сарозер шудаанд.
XS
SM
MD
LG