Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон. Халабонеро, ки ҷони 100 танро наҷот дод, бознишаста карданд


Ҳушанг Шаҳбозӣ.
Ҳушанг Шаҳбозӣ.

Ҳушанг Шаҳбозӣ, халабони маъруфи эронӣ, ки як сол пеш ҳавопайморо ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Теҳрон шинонд ва ҳаёти беш аз сад нафарро наҷот дод, пеш аз мӯҳлат бознишаста шуд.

Дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои эронӣ ӯ изҳор намуд, “истеъфояш” - тасмими ширкати ҳавопаймоист – масъулин аз нороҳатанд, ки Шаҳбозӣ парвозҳои ҳавопаймоҳои эрониро “хабарбор” арзёбӣ кардааст. Халабон дар ҳоле бекор мондааст, ки то замони бознишастагияш нӯҳ соли дигар боқӣ мондааст.

Ҳушанг Шаҳбозӣ мегӯяд, мақомоти Эрон чандин бор аз ӯ хостанд то аз пахши ҳама гуна изҳорот зидди таҳримҳои амрикоӣ, ки Эронро аз имкони харидории таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳои кӯҳнаву фарсудуаш маҳрум сохтаанд, даст бардорад.

“Мансабдорон ба ман гуфтанд, ки агар талошҳои зидди таҳримҳои амрикоиро бас кунам, метавонам дубора ба ширкати ҳавопаймоӣ баргардам, вале ман ин пешниҳодро рад кардам”, гуфтааст Шаҳбозӣ ба расонаҳои эронӣ. Ӯ мутмаин аст, ки кори хилоферо анҷом надодааст.

Ҳушанг Шаҳбозӣ баъди он маъруф шуд, ки моҳи октябри соли гузашта ҳавопаймои Boeing-727-ро дар вазъи изтирорӣ дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон шинонд. Чархҳои пеши ҳавопаймои хатсайри Маскав-Теҳрон боз нашуданд ва Шаҳбозӣ бо як маҳорати фавқулодда Boeing-727-ро бо чархҳои қафояш фуруд овард. Дар ин ҳодиса ба нафаре аз 94 мусофир ва 19 узви экипаж осебе нарасид.




Нашри навори ин ҳодиса дар сомонаи YouTube Ҳушанги Шаҳбозиро ба қаҳрамонии миллии Эрон табдил кард. Ҳамзамон ин ҳодиса муассир будани таҳримҳои байнулмилалӣ болои Теҳронро урён кард, ки пайваста мегуфт, муҷозоти ҷомеъаи байнулмилалӣ садди роҳи рушди Эрон нахоҳад шуд.

Дар як мусоҳибаи телевизионӣ Шаҳбозӣ изҳор намуд, ки баъд аз фуруд овардани ҳавопаймо дар Теҳрон, эрониҳои зиёде аз тариқи почтаи электронӣ ва интернет ба ӯ арзи сипос кардаанд. Аммо қаҳрамонии Шаҳбозӣ ба табъи мақомоти Эрон нафорид. Чанд рӯз баъд аз ин ҳодиса халабон ба нашрияи “Эътимод” гуфт, ки мақомот ӯро ба ҳузур напазируфтанд то барои корнамоияш изҳори сипос кунанд. Фақат баъд аз ин, масъулини ҳукумат бо Шаҳбозӣ мулоқот карда ба ӯ таҳсин хонданд.

Аз ҳамон вақт Шаҳбозӣ бо истифода аз маъруфияти худ маъракаи интернетӣ алайҳи таҳримҳои амрикоӣ ва фишор болои саноати ҳавопаймосозии Эронро шурӯъ намуд. Бар асари таҳрими фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ба ҳавопаймоҳои эронӣ, ки бештари онҳо ҳанӯз қабл аз инқилоби исломии соли 1979 харидорӣ шуда буданд, дар кишвар чанд ҳавопаймо суқут кард ва ин мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар гардид.

Моҳи сентябр дар як паёми видеоӣ аз тариқи YouTube Ҳушанг Шаҳбозӣ аз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама даъват кард, ки мавзӯи таҳримҳоро бознигарӣ кунад, зеро онҳо ҳаёти мардуми оддии Эронро ба хатар мувоҷеҳ кардаанд.

Ҳушанг Шаҳбозӣ ба расонаҳои эронӣ гуфтааст, ки ширкаташ дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева дар моҳи марти соли равон раҳбарони ширкати IranAir-ро нороҳат кард ва се моҳ пеш онҳо дар бораи бознишастагияш тасмим гирифтанд.

Ба гуфтаи Шаҳбозӣ, ҳукумат ба ӯ ҳамчунин мукофот фақат даҳ тангаи тиллоӣ эъто карду халос. “Мақомот шиква мекунанд, ки одамони маъруф Эронро тарк мекунанд ва ин табиист – вақте онҳо дар ин ҷо наметавонанд шифо ёбанд, ба ҷуз тарки кишвар интихоби дигар надоранд”, мегӯяд Ҳушанг Шаҳбозӣ. Аммо худи ӯ бо вуҷуди пешниҳодҳои зиёди кор дар хориҷа, тасмим гирифтааст, ки дар Эрон бимонад.
XS
SM
MD
LG