Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Анатомияи эътироз -2" ва парванда алайҳи Удалтсов


Дар Русия алайҳи раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов ва чанд раҳбари дигари мухолифин парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сухангӯи кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин гуфт, ин парванда бо иттиҳоми омодагӣ ба ошӯбҳои оммавӣ буда, ба филми «Анатомияи эътироз-2» рабт мегирад. Ба гуфтаи Маркин, раҳбарони мухолифин бо мақомоти Гурҷистон дар маврид қасди сарнагун кардани ҳукумат ҳамкорӣ мекарданд.

Шабакаи рӯ ба Кремли НТВ ҳафтае пеш бо пахши филми мустанади “Анатомияи эътироз-2” иддао кардааст, ки Удалтсов дар мулоқот бо мақомҳои гурҷӣ нақшаи таҳияи ошӯбҳо дар Маскавро баррасӣ кардааст. Дар ин парванда исми Леонид Развозжаев ва Константин Лебедев ҳам ном бурда шуда, Маркин гуфт, ки мақомот манзилҳои онҳоро ҷустуҷӯ кардаанд. Манзили волидайни Удалтсов низ мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтааст.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, филм мулоқоти Сергей Удалтсов бо раҳбари кумитаи диофъ ва амнияти парлумони Гурҷистон Гивӣ Таргамадзеро дар Минск- пойтахти Беларус – нишон медиҳад. Гуфта мешавад, дар ин мулоқот консули Гурҷистон дар Молдова Михаил Иашвилӣ ва 3 мушовири ӯ низ ҳузур дошта, мавзӯъи афзоиши таъминоти молии эътирозҳо алайҳи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва ташкили ошӯбҳо дар Маскав, баррасӣ шудааст.

Дар филми “Анатомияи эътироз-2” ҳамчунин гӯё Удалтсовро намоиш медиҳанд, ки як шиори зидди Путинро бар фарози манораи Иван Грозний меовезад.

Удалтсов ин иттиҳомотро радд карда, қаблан гуфта буд, ки филм сохтакорӣ шудааст. Аммо ба гуфтаи Маркин, коршиносон ба хулосае расидаанд, ки садои омада дар навори филм овози Удалтсов будааст: “Дар натиҷаи таҳқиқот аломатҳои сохтакорӣ дар ин наворҳо ёфт нашуд. Маълум шуд, садое ки аз ҷумла тавассути камераҳои пинҳонии назоратӣ дар филми “Анатомияи эътироз-2” сабт шудааст, ба Удалтсов тааллуқ дорад. Худи мулоқот, ки лаҳзаҳояш дар филм намоиш дода шуд, дар нимаи дуюми моҳи июни соли 2012 дар як манзили истиқоматӣ дар пойтахти Беларус –Минск - доир шудааст.”

Боздошти яке аз раҳбарони мухолифон дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00


Хабаргузории Интерфакс, ки субҳи чоршанбе ба Удалтсов занг задааст, хабар дод, ки баробари гӯширо бардоштани ӯ касе бо оҳанги омирона амраш кардааст, ки гӯширо бигузорад. Удалтсов баъдан бо ирсоли як паёми катбӣ ба Интерфакс гуфтааст, ки ҷустуҷӯ тамом шуд ва ӯро барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишот мебаранд.

Имрӯз вақте Удалтсовро барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишот мебурданд, ӯ ба хабарнигорони ҷамъшуда чунин гуфт: “Ин як бедодгарӣ ва таъқиб аст. Ман умедворам, ки ҷомиа хомӯш нахоҳад нишаст. Ин интиқоми мақомот барои фаъолиятҳои мост. Ман ба ҳама чиз омодаам. Ман гуноҳе накардаам. Танҳо гуноҳам ин аст, ки ҳақиқатро мегуфтам.”

Вакили ӯ Виолетта Волкова гуфт, кумитаи тафтишот метавонад Удалтсовро боздошт кунад. Вале хонум Волкова ҳам иттиҳомоти алайҳи муваккилашро радд мекунад, чунки “ӯ ҷонибдори шеваҳои хушунатомез нест.”

Людмила Алексеева, раҳбари гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав – аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи башари Русия – гуфт, Сергей Удалтсов ғолибан танҳо нафаре аз раҳбарони мухолифин ё фаъолони ҳуқуқи башар нест, ки таҳти таъқиб қарор хоҳанд гирифт. Хонум Алексеева гуфт, “ин вобаста ба дараҷаи тарси ҷониби мақомот ва дараҷаи интиқоми онҳо аст.”

Лев Пономарёв, раҳбари ҷунбиши “Барои ҳуқуқи башар” гуфт, иқдомоти ахир алайҳи мухолифини рус “оғози таъқиботи солҳои 30-юмро ба ёд меоранд.” Раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин дар он солҳо таъқиботи густарда алайҳи дигарандешон ва мунтақидони режимашро ба роҳ андохта буд, ки дар натиҷа миллионҳо нафар ба зиндону бадарға кашонда шуданд.
XS
SM
MD
LG