Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Фрейзер имрӯз вориди Узбакистон мешавад


Генерал Вилям Фрейзер

Генерал Вилям Фрейзер

Фармондеҳи нирӯҳои нақлиётии Амрико имрӯз ба манзури музокирот бо мақомоти аршади Узбакистон вориди ин кишвар мешавад. Сафорати Амрико дар Тошканд гуфт, қарор аст, генерал Вилям Фрейзер бо вазирони хориҷа ва дифоъи Узбакистон Абдулазиз Комилов ва Кобул Бердиев масоили марбут ба транзити колоҳо аз тариқи бахши узбакистонии шабакаи шимолии таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро баррасӣ кунад. НАТО феълан барои интиқоли молҳои ғайриҷангӣ аз маркази транзитии Манас дар Қирғизистон истифода мекунад, вале он, қарор аст, соли 2014 баъди хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон баста шавад. Генерал Фрейзер рӯзҳои 21-22 октябр аз Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG