Пайвандҳои дастрасӣ

Алайҳи С.Удалтсов парвандаи ҷиноӣ кушодаанд


Сергей Удалтсов

Сергей Удалтсов

Сухангӯи кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин гуфт, алайҳи раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов ва чанд раҳбари дигари мухолифин парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маркин гуфт, ин парванда бо иттиҳоми омодагӣ ба ошӯбҳои оммавӣ буда, ба филми «Анатомияи эътироз-2» марбут аст.
Дар ин парванда исми Леонид Развозжаев ва Константин Лебедев низ бурда мешавад ва ба гуфтаи Маркин, манзилҳои ҳамаи онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтааст. Дар бораи ҷустуҷӯ дар манзили волидони Удалтсов низ хабар мерасад. Дар «Анатомияи эътироз-2», ки ҳафтаи гузашта аз НТВ нашр шуд, иддао мешавад, ки Удалтсов бо мақсади ташкили ошӯбҳо дар Маскав бо мақомоти Гурҷистон мулоқот кардааст. Удалтсов ин иттиҳомро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG