Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Муҳиддин Кабирӣ бо Роберт Блейк


Муҳиддин Кабирӣ (Акс аз бойгонӣ)
Муҳиддин Кабирӣ (Акс аз бойгонӣ)
Раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 15 октябр дар Вошингтон бо ёвари вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк мулоқот кардааст. Дар ин дидор вазъи кунунии Осиёи Марказӣ, таҳаввулоти Афғонистон ва минтақа, ҳамчунин афзоиши ифротгароӣ дар ҷаҳон ва масоили мурооти озодиҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст. Муҳиддин Кабирӣ феълан бо сафаре дар Амрико ба сар мебарад ва интизор меравад, рӯзи 19 октябр бо тоҷикони муқими он кишвар ҳам мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG