Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узвият дар СҶТ ба Тоҷикистон чӣ хоҳад дод?


Узвият дар СҶТ ба Тоҷикистон чӣ хоҳад дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Рӯзи сешанбе, 16-уми октябр, дар Душанбе мавзӯи вуруди Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва фоидаҳои он ба баррасӣ гирифта шуд. Ин нишаст бо ҳимояти идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) ва мусоидати Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони тоҷик масъалаи ислоҳоти соҳаи молиявӣ ва ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои дигарро аз узвият дар СҶТ мавриди муҳокима қарор доданд.Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Сандуқи байналмилалии пул ва Маркази байналмилалии тиҷорат ба ҳозирон аз таҷриба ва донишҳои худ дар мавриди узвият дар СҶТ ва хадамоти молиявӣ суҳбат карданд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG